МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ НУҲМОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МТБО”-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ҳисобот  

Баргузории маҷлисҳои ҳисоботи нуҳмоҳа дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “МТБО”-и шаҳри Левакант баргузор гашт. Дар ин асос дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТБО” маҷлиси ҷамъбастии нӯҳмоҳа бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳр доир гардиданд.

Дар маҷлис нахуст, фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ арзёбӣ гардида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои таблиғу ташвиқ ва фаъолияти ҳадафноки ҳизбиён баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Қурбонова Судоба мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни суханронӣ зикр намуд, ки хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, таҳкими ватандорӣ ва ифтихори миллӣ ҷойгоҳи боиси таҳсин аст. Ҳамзамон, Роҳбари давлат дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмиллалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад, ки ин маҳбубият натанҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.