СУПОРИШҲОИ ҶИДДӢ БАРОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ КАМБУДИҲО

Н.Хусрав:  

Дар Қасри фарҳанги ноҳия  бо иштироки раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода Маҳмадаюб Сайнимон, раиси Кумиитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Шаҳло Саидмуродова, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ноҳия  Маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2024 доир гардид.

Дар кори он инчунин  Олим Сафаров,  намояндаи Агентии обёрӣ ва замини назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаридун Давлатов,  намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси ҷамъбастӣ-ҳисоботӣ муовини якум Набизода Ҳокимхон ва муовини соҳавӣ Машҳура Азимзода оид ба муваффақиятҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ  баромад намуданд.

Дар охир раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода Маҳмадаюб  барои бартараф намудани камбудиҳо дар  ташкилоту муассисаҳо ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  супоришҳои ҷиддӣ дод.