БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия пайваста Аксияи тозагӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардида истодааст. Ин навбат дар асоси нақша- чорабиниҳо бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ҳизбии ҳудуди шаҳраки Баҳор аксияи тозагӣ доир карда шуд.
Дар аксияи мазкур гирду атрофи ташкилотҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуд. Аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар тозаю озода нигоҳ доштани симои ташкилотҳои ибтидоии ноҳия саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Баъди баргузории аксия дар гирду атрофи ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳраки Баҳор гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, зери дарахтон ва гулҳо об дода шуд.