ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР СИЁСАТИ ПЕШГИРИФТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Н.Хусрав: Андеша  

       Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

          Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

  Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад .

             Маҳз ҳамин падидаи бузурги таърихӣ боис гардид, ки  сохтори фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ барқарор гардад,  ваҳдати миллӣ, сулҳи бебозгашт  ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шавад ва Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон  ҳамчун давлати демократӣ,  ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардад.

          Сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Ҳукумат дар   ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии давлат,  ваҳдати миллӣ, таъмини зиндагии шоиста барои мардум бузург аст. Ин сиёсатест, ки  ба василаи он  Тоҷикистон   дар  ҷаҳони мутамаддин  ҷойгоҳи хосса касб намудааст.  Ин албатта барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори бузург аст ва бояд  дар ин замон, дар замоне, ки зуҳури фаъоли  ҷиноятҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дигар  падидаҳои номатлуб  беш аз пеш  густариш меёбанд, миллат сарҷамъона  бо заҳмати созанда, софдилонаву содиқона  кишвари маҳбубамонро аз кулли офатҳои заминиву осмонӣ  эмин нигоҳ дорад ва ба ояндагон чун давлати пешсаф ба мерос гузорад.

             Моҳияти  асосии давлати  демократӣ , дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ин  ҳифзи ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  мебошад.  Дар Конститутсия Ҷумҳурии  Тоҷикистон  озодӣ ва ҳуқуқи шахс муқаддас маҳсуб гардида, ҳифзу ҳимояи инсон ва  ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ  бар дӯши  кормандони Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст, ки  дар ин росто бояд масъулияти бештарро эҳсос намоянд ва ба саҳлангорӣ  роҳ надиҳанд. Таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун дар кишвар боис мегардад, ки нақшаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз байн бурда шавад  ва  мардум дар фазои орому осуда умр ба сар барад . 

             Кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд   дорои савияи баланди дониш ва  маҳорати касбӣ бошанд. Волоияти  қонун аз  ҷониби кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  ҳамон вақт  таъмин мегардад, ки  агар ҳар яки онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ ва дигар ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия ёфта  бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд  ва   содиқ ба халқу Ватан бошанд. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар хусуси поймол нагардидани ҳуқуқҳои инсонӣ ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки “баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо,  ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд  .

          Дар  баробари таҳияву қабули  қонунҳо,  риоя   ва иҷрои қатъии онҳо  низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун   боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо,  қонунияту адодат, афзоиши  ҷинояткорӣ ва  бенизомӣ  мегардад.

“ Мо сабақҳои  талхи мухолифату  нооромиҳо ва беназмиву беқонунии  солҳои 1991-97-ро  ҳаргиз набояд фаромӯш кунем”.

         Аз ин бармеояд, ки рисолати кормандони ҳифзи ҳуқуқ  аз он иборат аст , ки татбиқи қонунро дар кишвар амалӣ гардонанд,  маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардоранд, бо фаъолияти содиқона насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намоянд ва ба ҳамаи қонуншиканиву ҷинояткорӣ дар мамлакат хотима бахшанд.

Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар кишвар   дастур  ва супоришоти Пешвои миллатро, ки дар Паём   ироа гардиданд, сармашқи кору фаъолияти хеш қарор медиҳанд ва барои  таъмини волоияти қонун ва амният дар кишвар   неруи ақлониву ҷисмонии хешро сафарбар менамоянд ва кафили амну амонӣ ва ҳифозатгари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ  буданашонро дар назди давлату миллат исбот менамоянд.

Шаҳло Саидмуродова - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав