МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Н.Хусрав:  

Ҳафтаи равон гурӯҳи корӣ дар ҳайати Назарзода Аҳлиддин  намояндаи Суди вилояти Хатлон, Ихтиёр Абдуғафурзода намояндаи  Прокуратураи  вилояти Хатлон, Қурбонзода  Манучеҳр намояндаи  Раёсати  назорати давлатии  молиявии мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти  Хатлон, Аловуддин Амирзода  намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Қурбонзода Ҳоким  намояндаи Раёсати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон  ба ноҳияи Носири Хусрав ташриф оварда, дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат”  бо сокинони ноҳия ва фаъолони ҷомеа суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Шаҳло Саидмуродова Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  низ дар вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни вохуриҳо муовинони раис,  роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, имомхатибон ва дигар қишри ҷомеа низ иштирок доштанд.

 Муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав  Азимзода Машҳура  баромад намуда гуфт, ки нуктаи муҳиму чашмраси Паёми навбатӣ ин эълон гардидани “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин амали хеш мардуми кишвар, хурду бузурги мамлакатро даъват намуданд, ки ҳуқуқҳои худро донанду дар лаҳзаи зарурӣ манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонанд. 

Ҳайати гурӯҳи корӣ низ баромад намуда, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои Конститутсия ва талаботҳои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро ба самъи ҳозирин расонида, нуқтаи асосӣ оид ба соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардиданро  қайд намуданд.

Аловуддин Амирзода, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон суханронӣ намуда гуфт, ки маърифати   ҳуқуқӣ  асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Барои ташаккул ва фаъолияти озоди ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси Констиутсия имрӯз дар кишвар тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, эътирофи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар шахс ҷузъи таркибии сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад.

Бинобар ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба баланд гардидани масъулият ва эътимоду боварии якдигар байни онҳо низ хизмат намояд. Эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” назари дурбинонаи Пешвои муаззами миллатро ифода менамояд, ки солҳои минбаъда низ чун анъана баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ идома хоҳад ёфт.

Қурбонзода  Манучеҳр намояндаи  Раёсати  назорати давлатии  молиявии мубориза бар зидди коррупсия дар вилояти  Хатлон “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  эълон гардидани соли 2024-ро  муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки  барпо намудани муҳиту фазои ором ва осоиштаи ҳаёти ҷомеа, қабл аз ҳама эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонунро тақозо мекунад. Мо бояд эҳтирому карданро ба қонун омӯзем, аз чаҳорчӯбаи Конститутсия берун набароем, ки қонуну қонуният мизони воқеии зиндагӣ, пойдевори ҳаёти ҳаррӯза ва низоми ҳамешагии давлатдории мо гардад. 

Ба иштирокдорон  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзиши олӣ будани он шарҳу эзоҳ дода шуд. Дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, вазифа ва уҳдадориҳои онҳо низ фаҳмонида дода шуд, ки ҳозирин бо қаноатмандӣ онро пазируфтанд. Маърифати ҳуқуқӣ ин раванди паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ мебошад, ки ин эҳтиром ба қонун, адолат ва қонуният мусоидат мекунад. Маърифати ҳуқуқӣ ҳар як шахсро дар ҷомеа аз ҷинояту ҷинояткорӣ дур карда, дар онҳо ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва рафоқатро такмилу инкишоф медиҳад. 

 Худшиносӣ ва худогоҳии ҳар фарди ҷомеаи мо аз шаҳрвандон то шахсони мансабдор дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи нерӯҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳувият ва сирати миллиро таҳким мебахшад. Бинобар ин, зарур аст, ки дар зеҳну шуури ҳар фарди ҷомеа то сатҳи ба замони муосир мувофиқ ва дар руҳияи масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар роҳи  ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намояд, қайд намуд дар баромадаш Қурбонзода Ҳоким , намояндаи Раёсати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон.

Шаҳло Саидмуродова раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав зикр намуд,  ки  мақсади   баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад, зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона аст, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чунин сӯҳбату вохӯриҳо низ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ мунтазам дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия гузаронда шуда истодааст.