ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар ин раванд ба кишвари сабз табдил додани он дар асоси нақша чорабиниҳои тарҳрезинамудаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Носири Хусрав аъзоёну ҷонибдорони ҳизб  ҳар ҳафта ба аксияҳои дастаҷамъона баромада, дар рафти корҳои ободониву созандагӣ саҳми хешро гузошта истодаанд..

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 28 марти соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ  дар ноҳияи Носири Хусрав аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур аъзоёни ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузорӣ ба Ватан фаъолона ширкат варзида, бехи дарахтонро нарм ва гирду атрофи онро аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Ёдрас шудан ба маврид аст, ки аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.