ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БА СОКИНОН АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Н.Хусрав: Ҳисобот  
 
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар Хайрулло, Маҳмудзода Музаффар дар Ҷамоати деҳоти "Фирӯза"-и шаҳраки "Баҳор"ва Ҷамоати деҳоти "Наврӯз"-и деҳаи"Сангоба"-и ноҳияи Носири Хусрав бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохурӣ баргузор гардид.
Файзуллозода Зафар вобаста ба самтҳо ва паҳлӯҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, нуқтаҳои асосии онро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд.
Масъулин дар баромади худ дастоварду пешравиҳои соли сипаригардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҳозиринро ба вазъи геопалетикии ҷаҳон вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, рушди соҳаи илму маориф, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Нравится
 
 
 
Комментировать