МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО ҶОМЕА

Н.Хусрав: Ҳисобот  

          Санаи  08.08.2023  дар толори  ШВКД Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.  Дар маҷлис раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар вилояти Хатлон  Шоназаров Лоҳутӣ, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Шаҳритус Шоимов Абдумумин Хушвахтович ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар ноҳия иштирок намуданд.

           Шоназаров Лоҳутӣ раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар вилояти Хатлон, зимни суҳбат иброз намуд, ки ба хотири таҳлилу баррасии воқеии фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ давоми ҳар се моҳ аз сатҳи амалишавии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 натиҷагирӣ карда мешавад. Барномаи нави мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, такони ҷиддиест дар рушди ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо шаҳрвандон.

         Номбурда иброз дошт, ки “Шурӯъ аз соли 2015 дар назди РВКД дар вилояти Хатлон Шӯрои ҷамъиятӣ  оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ташкил гардида, бо тамоми шароити мусоид корро оғоз намуд. Айни замон Шӯрои мазкур дар самтҳои гуногуни ислоҳоти милитсия дар вилоти Хатлон фаъолияти самаранок дорад”. 

          Дар фарҷом  аз ҷониби аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Носири Хусрав Раиси Шӯро, муовини раиси Шӯро интихоб гардиданд.