БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "КАТС"

Н.Хусрав: Ҳисобот  

         Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия санаи 20.07.2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КАТС”-и  ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Саидмуродова Шаҳло иштирок намуданд, масъалаҳо оид ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023   “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”,  интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, қабул ба сафи аъзои ҲХДТ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Сараввал ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия баромад намуда ҳозиринро бо омад-омади 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд. Ҳамчунин оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқи намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.