МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Н.Хусрав: Ҳисобот  

      Тибқи барқияи телефонӣ аз 13.07.2023, №1/2-20  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санаи 18.07.2023 маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид. Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда, тасдиқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳия ва сохторҳои он барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардид.    

       Дар ҷаласаи навбатӣ раиси ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Шарифзода Мамадаюб Сайнемон, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Асрорзода Саидшо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Шаҳло, аъзоёни Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ,  директорони муассисаҳо ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

     Аз рӯи масъалаҳои якуми рӯзнома оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав раиси КИ ҲХДТ Саидмуродова Шаҳло баромад намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар нимсолаи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор дод.

      Дар маҷлис ҳамчунин раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода Мамадаюб Сайнемон зимни баромади хеш оид ба бурду бохти самтҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав андешаҳои худро иброз дошта, аз ҷумла қайд намуд, ки мо ҳизбиён зери сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафт ва зиндагии шоистаи мардумро рӯи кор оварда, дар амалисозии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардида истодаем.

         Дар фарҷоми ҷаласаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав барои фаъолияти пурсамар чанде аз фаъолони ҲХДТ бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав сарфароз гардонида шуданд.