ХУРОСОН: ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ФАХРОБОД

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

26 -уми феврали соли равон и.в.раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия бо фаъолон ва сокинони ҷамоати деҳоти Фахробод вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни машварат бо мардум роҷеъ ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, ҷалби ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сӯҳбат оростанд.

Инчунин Суризода Носир бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз муассисаи таълимии рақами 3 дидан намуданд. Дар рафти шиносоӣ онҳо аз ҳолати синфхонаҳои муассиса, сифати дониши хонандагон, вазъи зимистонгузаронӣ огоҳӣ пайдо карданд.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: