ВОХӮРӢ ДАР МАСЪАЛАИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БАРҚИ ТОҶИК”

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Паём ҳамчун барномаи пешбурди фаъолияти касбии рӯзгори сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва муайянсозандаи фалсафаи давлатдории миллӣ буда, пеш аз ҳама барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои идоракунӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аҳамияти бағоят муҳим дошта, онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои ояндасоз сафарбар менамояд. Ироаи Паём дар шароити соҳибистиқлолии ватани азизамон Тоҷикистон, муҳимтарин комёбӣ дар ҷодаи давлатдории миллӣ буда, ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо мақсади расонидани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки дар Паёми навбатии хеш ироа намуда буданд, дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо аъзоёни ТИ Барқи тоҷик дар фазои сулҳу суботи кишвар бо рӯҳияи баланди хештаншиносию ватандӯстӣ баргузор гардид.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон