ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24-уми феврал соли 2024 дар МТМУ №51 Соати сиёсӣ дар мавзуи “Давати ҷавонон ба сафи Қуваҳои муссалаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, худогоҳию ҳувияти миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон ва саҳми худро гузоштан  дар пуштибони ватан азизамон Тоҷикистон гузаронида шуд.

Омӯзгорони муассисаи мазкур ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории Соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳиму саривақти маънидод намуда, баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида инчунин, аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббусҳои Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо дода шуд.