Дарси сиёсӣ дар муассисаи таълимии №60 ноҳияи Хуросон гузаронида шуд!.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарси сиёсӣ, ки мавзўи он “Паёми Пешвои миллат дар бораи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ дар дили онҳо ҷой намудан” буд, рӯзи 24 -феврал соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 ноҳияи Хуросон гузаронида шуд.

Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и Ҷ/д Ғаллаобод–и ноҳия ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.