АРТИШИ МИЛЛӢ БА ЗИММАИ ҶАВОНОНИ ШУҶОИ ВАТАН ВОБАСТА ШУДААСТ!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола Рӯзи Артиши миллӣ дар сар то сари сарзамини азизамон, дар фазои сулҳу осоиштагӣ мутантан ҷашн гирифта мешавад. Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён”-и ноҳияи  Хуросон, низ ба тамоми ҷашну маросимҳои миллию давлатии кишвар бетаваҷҷӯҳ набуда, тибқи нақшаю сенарияҳои амалкунандаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлати ин ҷашнвораҳоро таҷлил менамоянд.

Имрӯз  бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раиси ноҳияи Хуросон ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар “Қасри Фарҳанги”-и ноҳия чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Артиш –сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Суризода Носир Мурод, муовинони раиси ноҳия, ташкилоти ҳизбӣ, афсарон, КИ ҲХДТ,  устодону кормандони касбу кори гуногун, сарбозони ҷанги Афғонистон иштирок доштанд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас Раиси ноҳияи Хуросон ба сухан баромада, иштирокчиёнро бо муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Мавсуф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки 31 сол муқаддам Артиши миллӣ дар ҷои хушку холӣ ва бидуни таҷҳизоту лавозимоти ҳарбӣ таъсис дода шуда буд. Бо мурури солҳо ва азму иродаи қавию талошҳои пайгиронаи бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ бо яроқу лавозимоти муосир муҷаҳҳаз гардида, афсарону мутахассисони варзидаи қувваҳои мусалаҳи кишварамон тарбияву обутоб ёфтаанд. Имрӯз Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан,такягоҳи халқу миллат гардидааст.

Баъдан, раиси ноҳия ба кормандони касбу кори гуногун ва сарбозони боэътимоди қисми низомии дар ноҳия ҷойгирбуда бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома” қадрдонӣ гардиданд. Дар фарҷоми маросими идона гурӯҳи ҳаваскорони ноҳия бо барномаи фарҳангии омоданамудаи хеш хотири меҳмонону иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.