ТАҲЛИЛИ ҲУҶҶАТДОРӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИ ҲИЗБӢ

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 Имруз бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва бо ин васила вусъати фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович рафти фаъолияти ҳизбиро дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ ва аз қайд барории аъзои ҳизб, ба низому тартиб даровардани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва қабули аъзои нав ба сафи ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия"-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Бояд қайд кард, ки Раёсати молия ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия”, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар самтҳои фаъолият ҳуҷҷатгузории ҳизбиро ба таври лозима ва дуруст ба роҳ мондаанд. Инчуини аз тарафи муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон супориш дода шуд, ки ҷиҳати боз ҳам афзалиятнок ва пешрафти ин ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур тарзи дурусти ҳуҷҷатгузориро тибқи талаботи “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ” ба роҳ монанд .