Шарҳу тавзеҳи нуктахои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи Лолазор"- и ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон тибқи ҷадвали тасдиқ намудаи Кумитаи иҷроия дар ноҳия бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни вохӯри Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва оид ба тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Инчунин оид ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр ибрози андеша намуда ҳозиринро ба корҳои ободонию созандагӣ кишвар даъват намуд.