Паём - ҳуҷҷатест тақдирсоз!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор , Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи Истиқлол" ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон вохурӣ баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вобаста ба самтҳо ва паҳлӯҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳо намуда, нуқтаҳои асосии онро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд.

Зимнан муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор баромад намуда иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу ваҳдати комилу пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти мардум гузошта истодааст.

Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст. Дар идома оид ба масъалаҳо аз қабили тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонони шуҷоъ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои зарурӣ баррасӣ гардид