Вохӯри бо омузгорон:

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 11.01.2024 бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Равшанзода Шодалӣ бо омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44-и ноҳия суҳбату вохури доир намуд.

 Зимни баромади хеш мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Равшанзода Шодалӣ вобаста ба бандҳои алоҳидаи Паём дар самти таълиму тарбия, самаранок истифода бурдани замин ва саноатикунонии мамлакат маърӯза намуд.

Инчунин, қайд гардид, ки тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ихтиёран ҷалб намудани ҷавонписарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ вазифаи ҳар яки мо буда, танҳо ба ин васила мо метавонем дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.