Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ деҳаи Хуросон!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 09,01,2024 дар асоси нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи  Хуросн " баргузор гардид.

Дар маҷлис мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон – Равшанзода Шодалӣ Маҳмад иштирок намуданд.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи  Хуросон " оид ба фаъолият дар соли 2023 шунида шуд;

2.Ба роҳбарӣ гирифтани " Қарори Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" оид ба сазовор таҷлил намудани 30- солагии ҲХДТ "";

3.Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи  Хуросон"

4.Интихоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи  Хуросон ";

5.Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

6.Қабул ба сафи аъзои ҳизб.

Дар Маҷлис тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “ Хуросон ” Довидов Л бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуд.

Ҳамзамон, оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуданд.

Масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд