Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ" деҳаи Ҳалқаҷар "

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар асоси нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи  Ҳалқаҷар " баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович иштирок намуданд.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи  Ҳалқаҷар " оид ба фаъолият дар соли 2023шуида шуд;

2.Ба роҳбарӣ гирифтани " Қарори Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" оид ба сазовор таҷлил намудани 30- солагии ҲХДТ "";

3.Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи  Ҳалқаҷар"

4.Интихоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи  Ҳалқаҷар ";

5.Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

6.Қабул ба сафи аъзои ҳизб.

Дар Маҷлис тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “ Ҳалқаҷар ” Мавлонов Ғиёсиддин бо тарафдории аксарияти аъзои ҳизб интихоб карда шуд.

Ҳамзамон, оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мазкур дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуданд.

Масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд