ВОХУРИИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ МТМУ№-8

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19-уми декабри соли равон муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор, ба кормандони “Муассисаи Таҳсилоти Миёнаи Умумии №8” ва аъзоёни ташкилоти номбурда вохӯрӣ баргузор намуданд.

Сарсухан муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор иштирокчиёнро бахшида ба 29-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта барори кор орзу намуд.

Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ баромад намуда иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст.

Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст. Дар идома муовини  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор, оид ба масъалаҳои доғи рӯз аз қабили тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонони шуҷоъ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву ободии диёр бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои андешаронӣ намуданд.