Саҳмгузори дар амали намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон,баҳри сазовор таҷлил намудани 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бо директорони муассисаҳои ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Маорифчиён”  вохури дар мавзуъи “Саҳмгузори дар амали намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ”ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар вохури мовини  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор иштирок ва суханрони   намуд. Аввалан ҳамаи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-ро бо 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда ба онҳо фаъолияти хубу назаррасро таманно намуд.У қайд намуд, ки  Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Хақии Демократии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 29- соли фаъолияти ҳизби тамоми мардуми шарафманди тоҷикро сарҷам намуда ба тамоми орзую ҳавас расонида тавонист.