Баргузории соати сиёсӣ дар Муассисаҳои таълимӣ

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Хуросон, амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ" баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, донистани таърихи давлату миллати худ ва эҳтиром ба мактабу омӯзгор мебошад.

Ташаббуси "Соати сиёсӣ" дар МТМУ-52, ноҳияи Хуросон низ баргузор гардид, ки дар рафти он масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон иштирок намуда доир ба мавзӯъҳои "Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон" бо хонандагони синфҳои болоӣ суҳбат намуданд.