Хизмат ба Ватан шараф ва ҷавонмардист!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хизмат ба Ватан шараф ва ҷавонмардист!

Дар ҷараёни баргузории корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон сарбози ихтиёрӣ Қурбонов Толиб Нурмаҳмадович, сокини деҳаи Меҳнати Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон барои сафарбар намудан ба сафи Артиши миллӣ ва адои хизмати ҳарбӣ ба Кумитаи иҷроия муроҷиат намуд.

Ғуломов Саидасрор - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон зимни сӯҳбат бо сарбози ихтиёрӣ иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан -Модарро ба ҷо биёрад.

Дар идома Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ба даъватшаванда тибқи аризаи шахсии худ ба сафи ҲХДТ шомил карда шуда, ба ӯ шаҳодатномаи сарбози ихтиёрӣ тақдим карда шуда, ба ӯ барору комёбиҳо таманно намуданд.

Хизмат ба Ватан шараф ва ҷавонмардист!