РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДАГОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДАГОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН.

"Хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди соҳибватан аст".

Имрӯз дар ноҳияи Хуросон"Рӯзи даъватшаванда" дар боғи Парчами ноҳия баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, раиси ноҳияи Хуросон, мӯҳтарам Аҳмадзода Илҳом , муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович,роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, волидайни даъватшавандагон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикитсон яксаду бисту ҳафт ҷавони ватандӯст бо ҳисси баланди ватандустӣ барои хизмат ба Ватан ҳозир гаштанд.

Сипас,раиси ноҳияи Хуросон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳамагонро ба Рӯзи даъватшаванда, ки рамзи хизмати содиқона ва ҷавонмардона ба Ватан аст, табрику муборакбод намуд.

Изҳор дошт, ки барои мо ҷойи ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки бо талошҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоламон соҳиби Артиши миллии бонизом гардидааст. Суханони Пешвои миллат тавонбахши руҳу ҷони ҳар як фарзанди содиқ ба Ватан аст, ки чунин гуфтанд: "Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари ору номуси баланди ватандории ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Зеро ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ барои ҳар яки мо қарз ва ҳам фарз аст!"

Инчунин аз ҷониби собиқадорон, даъватшавандагон ва модарони даъватшавандагон, ки ихтиёран фарзандонашон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд, баромад карда ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар Сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Дар сафи ҷавонмардони Ватан чор нафарашон сарбози ихтиёрӣ аз тарафи КИ ҲХДТ ба хизмат ҷалб шуда имрӯз бо сари баланд ба хизмати Модар -Ватан гусели гардид.

.