СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИ!!!.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори маҷлисгоҳи "Маркази ҷавонон" ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” таърихи 29 сентябри соли 2023 бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии КИ ҲХДТ мизи муддавар таҳти унвони  “ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор” бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, Равшанов Ш,  доир гардид, ки дар рафти чорабинӣ аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” иштирок намуданд.

Дар чорабини мазкур  Мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки мақсаду мароми асосии ҲХДТ созандагиву бунёдкори, муҳайё намудани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон ва сулҳу суботи комили кишвар мебошад.

Ҳамзамон тамоми иштирокдорон барои саҳми арзанда гузоштан  дар корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.