МОҲИЯТИ СОАТҲОИ СИЁСӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дармуассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№57- ноҳия бо иштироки муовини  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон –Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович,кормандони мақомоти иҷроияи ҳокисияти давлатии ноҳия омузгорони соҳибтаҷриба, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, вакилон ва омузгорони соҳибтаҷриба миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ”, “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” гузаронида шуд.

Бояд қайд кард,ки масъалаҳое, ки дар соати сиёсӣ баррасӣ ва муҳокима карда мешавад, барои ҷавонон, хусусан хатмкунандагони муассисаҳои таълими моҳияти калон дорад.