Баргузории ҳамоиши ҳизбӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маркази ноҳияи Хуросон бо иштироки волонтёрони ҳизбӣ, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони ватан"- и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, аъзоёни фаъоли ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Дармонгоҳ" ва ҷавонон аз муассисаҳои таълимии № 1, 2, 57 ва литсейи № 1-и ноҳия ҳамоиши ҳизбӣ бахшида 32- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.