Баргузории чорабинии тантанавӣ - маърифатӣ бахшида ба 32- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар боғи фарҳангиву фароғатии маркази ноҳияи Хуросон бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи ҳизб, аъзоёни ТҶҶ " Созандагони ватан" ва дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонони ноҳияи Хуросон чорабинии тантанавии маърифатӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони " Шоми Истиқлол" баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор карда шуда, аз ҷониби сокинони ноҳияи Хуросон ин ҷашни муқаддас бо шодиву сурур истиқбол гирифта шуд.