Созандагию бунёдкорӣ намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин аст!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович аз рафти сохтмони роҳу купрӯк дар деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия дидан намуда, ба ташкилотчиён ва сохтмончиёни ин роҳ аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон миннатдории худро баён намуд.

Хотиррасон менамоем, ки сохтмони ин роҳ ва купрӯки зери он бо дастгирии аҳолии ин деҳа ва шахсан раиси ин деҳа Мавлонов Юсуф ба роҳ монда шуда, дарозии роҳ 250 метр буда, 150 метри он то санаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш карда шуда, бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Хуросон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.