ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳаи Баҳористон” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид:

- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

- Ба роҳбарӣ гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

- Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоӣ;

- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

-Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ҳалимов Мирзомиддин фаъолияти солонаро аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ба шунавандагон ҳисобот доданд.

Вобаста ба масъалаи дуюм “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба ҳозирин расонида шуд, ки ҳар як аъзо дар ин давра боз ҳам содиқияти худро нисбат ба ҲХДТ нишон дода тавонад.

Бо дастгирии кулли иштирокчиён Ҳайбатов Икром ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар баромади худ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон ҳамзамон шунавандагонро хотиррасон намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ-ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҷоннок ва таъсирбахш карда шаванд.