МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ИДОРАИ КОММУНАЛӢ"

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 29.08.2023 сол дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Идораи коммуналӣ" маҷлиси ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Дар маҷлиси мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович иштирок доштанд.
Сараввал, Ғуломов Саидасрор ба сухан баромада, иштирокдоронро бо фарорасии ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Идораи коммуналӣ" Сайфиддинов Ҷамшед баромад карда, вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва робитаи доимии ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Идораи коммуналӣ" бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон суханронӣ намуд.
Дар анҷоми маҷлис Ғуломов Саидасрор вобаста ба хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ, муомилаи хуб бо пиронсолону корафтодагон аз ҷониби кормандони Идораи коммуналӣ дар ноҳияи Хуросон, аъзо намудани кормандони ҷавон ба сафи ҳизб ва таҳкими фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Идораи коммуналӣ" ибрози андеша намуд.