Мардуми мо ҳувияти махсуси ободкорӣ дорад!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Хуросон.Имрӯзҳо дар байни мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон сохтмони мактабу иншоотҳои таълимӣ ва тандурустиву иҷтимоӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва мардуми бо нангу номуси ноҳияи Хуросон низ аз ин иқдоми нек самараи неки худро гирифта истодааст ва ба сохтмони мактабу иншоотҳои таълимӣ ва тандурустиву иҷтимоӣ ҳукми анъана даровардааст.Иқдоми навбатӣ - сохтмони бинои иловагӣ аз тарафи аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва сокинони фаъоли деҳаи И.Аъзами ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи Умумии рақами 32- и ноҳия бомаром идома дорад.Хотиррасон бояд намуд,кӣ бинои иловагӣ дуошёна буда аз 11 синфхона ва утоқҳои ёрирасон иборат мебошад ва сохтмони ин бино дар назар то санаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9 сентябр ба истифода дода шавад ва мо аз тарафи худ ба ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони ин иқдоми нек сад аҳсану ташшакури беандозаи худро мерасонем.