Зебогии ноҳия аз заҳмату кабудизоркунии аъзоёни ҲХДТ мебошад

Ховалинг:  

Сокинони ноҳияи Ховалинг дар мавсими баҳор ба номусоидии ҳаво, аз ҷумла рӯзҳои абрнок ва боришоти борон нигоҳ накарда, пайваста пайи кабудизоркунӣ  шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда мебошанд.

Натиҷаи заҳмату меҳнати сокинони шарафманд-аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ мебошад, ки имрӯзҳо саҳни ҳар як муассисаву ташкилот, коргоҳу корхона бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони зебои гуногун ҳусни зебо доранд.

Аз ин меҳнату заҳмати коллективҳои меҳнатӣ-аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ симои ноҳия имрӯз ба худ зебогии дигарро зам намудааст.