“Чашми ҳасудону бадбинон кур аст” Ва ё хоинони миллат ободиву озодии моро намедида бошанд???

Ховалинг: Вокуниш  

Экстремизму терроризм амали номатлуб, сӯзандаву даргиранда аст ва таъсири он имрӯзҳо тамоми кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст.  Дар замони мо низ ин гурӯҳҳои хиёнаткор ба худ хусусияти ҷаҳонӣ касб карда,  кушиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои шуми худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто ба усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу рӯ ба тараққиро ба харобазор табдил диҳанд. Ҳамагон шоҳиди ҳолем, ки дар замони муосир падидаҳои экстремистиву террористӣ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд.

Дар урфият мегӯянд, ки “Чашми ҳасудону бадбинон кур аст” ва воқеан ҳам дуруст аст. Гуруҳҳои терроористиву экстремистӣ, бадбинону хоинони миллат ҳама вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон туҳматҳо мезананду бо барномаҳояшон ҷавонони гумроҳу бесаводро бар зидди ин ободиву озодӣ мешуронанд. Яъне онҳо чашми бино надоранд. Онҳоро кури модарзод гӯем ҳам, хато намекунем. Зеро агар кури модарзод намебуданд, ободиву озодӣ, пешрафту рушду тараққии кишвари моро медиданд. Ободиву пешравӣ, сулҳу субот, ваҳдати комил, якпорчагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро аксарияти давлатҳои ҷаҳон орзӯ менамоянд, аммо ин бадниятону бадфитратон бошанд, ҳамиаи инро нодида гирифта, бо ҳару роҳу восита мехоҳанд осмони софу беолоиши Ватанамонро ифлос намуда, нотинҷиро миёни ҷомеъа ба вуҷуд оваранд.

Аз ин рӯ моро мебояд ҳар як амали онҳоро маҳкум намуда, оромиву осоиштагии кишвари азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Миёни аҳоли, хусусан  миёни ҷавонон суҳбату вохӯриҳоро бештар ба роҳ монда, ҳар як амал, мақсаду ҳадафҳои гуруҳхои террористиву экстремистиро ба таври пурра шарҳ дода, ба ҷавонон фаҳмонем, ки ба фиребу найранги хоинони мансабпарасту пулпараст дода нашаванд.

Ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намоем, то намегузоранд, ки нохалафон бо фиребу найранг, дасисаву амалҳои ифротгарона ва хиёнаткоронаашон оромиву осоиштагии бо ҳазор ҷонбозиҳо ба даст овардаамонро халалдор сохта, мақсаду ҳадафҳои нопокашонро амалӣ созанд.

Асадуллозода В. Д., Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.