Соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Меҳри Ватан»

Ховалинг: Созандагони ватан  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ховалинг бо иштироки директори муассиса Тоҳир Аламов ва намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Бобоҷон Зоиров дарси тарбиявӣ гузаронида шуд.

Дар ин соати дарсӣ хонандагон- аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба мавзӯи худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар шинос гардиданд. Ҳамчунин, дар ин раванд омӯзгорон бобати меҳри ватандориву ватандӯстӣ,  якпорчагии кишвари азизамон Тоҷикистон, воқеоти давраҳои гузашта ва солҳои навадуми асри гузашта ҳарф зада, оид ба хиёнати хоинони миллат низ гуфта гузаштанд.

Хонандагон- аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»  аз ин соати тарбиявӣ манфиати бештар бардошта, дар қалби ҳар яки онҳо меҳри ватандорӣ ҷой гирифт.