Камбудиҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бартараф мегарданд

Ховалинг:  

Кормандон ва масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг баҳри рушд ва пешрафти фаъолияти Кумитаи иҷроия мунтазам дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ташриф оварда, аз рафти ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти онҳо бохабар мегарданд.

Дар рафти санҷиш онҳо ба масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ёрии методӣ расонида, тавсияҳои манфиатбахш медиҳанд.

Натиҷа ҳамин аст, ки фаъолият дар самти ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳама ташкилотҳои ибтидоӣ қаноатбахш буда, роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо дарки масъулият фаъолияташонро пурзур намуда истодаанд.