МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАДАДРАСОН ”

А.Ҷомӣ:  
Санаи 24 апрели соли равон тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ -интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Мададрасон ” маҷлис доир карда шуд. Дар маҷлис кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд. Маҷлисро корманди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оғоз намуда, иштирокдоронро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Дар маҷлис масъалаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи 3 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи соли 2024 иборат буд.
Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи 3 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Сипас, бо ҳамин тартиб дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.