БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ ДАР ДОИРАИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

А.Ҷомӣ:  
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат, дар доираи эълон гардидани "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва ҳамчунин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон шоир Амиршоҳи Хатлонӣ бо фаъолони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 вохӯрии судманд баргузор намуданд.