САҲМИ МАҲАЛ ДАР БУНЁДКОРӢ.

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Саҳми аҳолии деҳаву маҳаллаҳо дар раванди корҳои ободонӣ дар ноҳия назаррас буда, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корҳои бунёдкориву ободонӣ рафта истодааст. Имрӯзҳо аҳолии кишвар бо шукргузорӣ аз ободиву соҳибистиқлолиикишварамон бо мақсади дар амал иҷро намуданидастуру супоришҳои роҳбари давлат дар раванди корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳми назаррас дошта, аз ҷониби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия зери аксияи “Якҷоя месозем” сохтмон ва таъмири синфхонаҳоро ба роҳ мондаанд. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷовидон” дар МТМУ №-26 синфхонаи иловагӣ пурра бо саҳми маҳал сохтмон гардида, корҳои таъмирӣ имрӯзҳо идома дорад.