ХИЗМАТ БА ВАТАН- ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ

А.Ҷомӣ: Андеша  
“Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳар яки шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам, фарзандони азизам”. Эмомалӣ Раҳмон.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро тай карда, аз лиҳози маҳорати низомӣ, интизоми намунавӣ ва ифтихори баланди миллию ватандорӣ ба комёбиҳои азиме ноил гардидааст.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз уҳдадории ҳарбӣ ва уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии ҳар як ҷавонмард аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ на танҳо ӯхдадории шаҳрвандӣ, балки масъулият ва ифтихор низ мебошад. Хизмати ҳарбӣ барои ҷисман обутоб ёфтан, мустаҳкамии ирода, ҷасорату шуҷоъат, садоқат ба Ватану миллат ва дигар хислатҳои неки инсонӣ аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватани худ содиқона хизмат менамоянд. Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус роҳбари олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нав роҳандозӣ ва татбиқ мешаванд, барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби тарбия ва обу тоби бадан ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони ватани азизамон бо дарки масъулияти баланд ин қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда, сипари боэътимоди халқу Ватан будани худро исбот менамоянд. Маврид ба зикр аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии ҳар як насли тоҷику тоҷикистонист, хизмат ба Ватан Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад, дар ин радиф Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки "Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта мебошад, зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад".
Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз 18% аҳолии сайёра ҷавононанд. Дар Тоҷикистон бошад, шахсони синнашон то 30 сола 70% аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ояндаи наздик дар идоракунии давлати мо на ба таври муназзам ва пай дар пай, балки имкони якбора ба насли ҷавон гузаштани онро дорад. Бо ин нерӯи базург фаро гирифтани ҷомеа, ҳалли мушкилоти он ва истифодаи оқилона аз ин натиҷаи стратегияи миллӣ баҳри ободиву шукуфоӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа хеле муҳим аст. Агар давлати мо аз назари иҷтимоӣ яке аз давлатҳои ҷавон маҳсуб гардад, пас мо таҳти мафҳуми “ҷомеа” бояд ногузир ҷавононро дар назар дошта бошем ва қабл аз ҳама “мушкилоти ҷавонон”-ро ҳамчун мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намоем.
Хулоса:Хушбахтона имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат устодони ботаҷриба дарсҳои сиёсиро дар байни донишҷӯён мегузаронанд, ки он омили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳуввияти миллӣ дар байни ҷавонон мебошад.
 
Муовини раиси КИ ҲХДТ Самадзода С.