КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо иштироки гурӯҳи корӣ бо усули “Хона ба хона” дар байни сокинони Кӯчаи Сомониён вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз аз қабили ободу зебо гардонидани ҷои манзили зист, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи дурусти фарзанд, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Бо оилаҳо оид ба манфиати сафарбар намудани фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, камхарҷ баргузор намудани тӯю маъракаҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, ба ҷои ҳаҷҷи дубораву себора ба одобкориву созандагӣ даст задан, аз қабили таъмиру сохтмони боғчаҳо, синфхонаҳои иловагӣ  суҳбатҳои муфид анҷом дода шуд.