САНГФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии Ватан бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ҳимматбаланду шахсони саховатманд ва сокинони ватандӯсташ деҳаву маҳаллаҳо рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои бесобиқа ба назар мерасанд.
Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад.
Дар доираи ин, як қатор Аксияҳои ҳизбӣ амалӣ гардида, роҳҳои дохили маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” аз ҳисоби шахсони саховатманд ва ватандӯст сангфарш ва обод гардида истодааст.