АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ!

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор-2»-и Ҷамоати деҳоти “50-солаги Тоҷикистон” бо ҷалби зиёди аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” тибқи Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид. Ҳашарчиён ба корҳои тозакунию тамизкорӣ машғул гашта, муҳити атрофро аз партовҳо, сангҳои нолозим,тозаву озода намуда,ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ саҳми худро гузоштанд.

.