ҲИФЗИ ВАТАН АЗ ХОИНОН ВАЗИФАИ МО ҶАВОНОН АСТ!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

 Имрӯз мо, ҷавонони кишвар пайваста аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, пайваста ба муқобили он нафароне, ки обрӯ ва эътибори кишвари моро коҳиш додан мехоҳанд мубориза хоҳем бурд. Хаёлҳои хоме, ки ин хоинони миллат дар сари пучу холиашон доранд, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт, зеро имрӯз миллати сарбаланди тоҷик дар зери сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи дунё табдил додаанд. Мо, ҷавонон ҳаргиз намегузорем, ки ягон ашхосе ба мақсадҳои ифлосу ғализашон расанда, оромии кишвари азизамонро халалдор созанд. Имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ кор мекунанд ва ниҳоят, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ин тақсимбандиҳо аз як тараф зинаҳои алоҳидаи камолоти ҷавонон буда, ҳар яки ин бахшҳо масъалаҳо ва мушкилоти худро доранд, ки ҳаллу баррасии ҷудогонаро мехоҳанд. Гузашта аз ин, ҳалли мушкилоти як соҳа бевосита ё бавосита таъсири худро ба соҳаҳои дигар мерасонад. Агар мушкилоти ҷавонон имрӯз қадам ба қадам ҳалли худро наёбанд, мо аҳли зиёиёни кишвар ба мушкилотҳои онҳо диққат надиҳем, баъди чанд сол ин мушкилоту масъалаҳо дучанд хоҳанд шуд. Зеро ҷавонон ва умуман инсонҳо, маъмулан вақте дар зиндагӣ муваффақ шуданд, ки дар бештари ҳолат худро сабабгор медонанд ва агар рафту соҳиби зиндагии хуб нашуданд, на худро, балки ҳукумату давлатро сабабгор мешуморанд ва қаҳру ғазаби худро бо роҳҳои гуногуни қонунӣ ва ғайриқонунӣ ифода мекунанд. Вазифаи мо ҷавонон имрӯз бо дастгирӣ аз сиёсати имрузаи Пешвои миллат бояд ақли солими худро кор фармонда, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Шахсони манфиатҷуйи зиёде, имрӯз дар пайи ҷалби ҷавонони ноогоҳи мо ба ҳайати гуруҳҳои террорстӣ ва экстримистӣ мебошанд. Хоинони давлату милати мо, ки аз дур пайваста баҳри танқиди кишварамон бо мақади аз роҳ бе роҳ намудани ҷавононамон корҳои таблиғотӣ мебаранд, танҳо як мақсад доранд. Мақсади онҳо дубора барангехтани ҷанги хонумонсӯз дар кишвар мебошад. Мо ҷавонони даврои Истиқлол нагузорем, ки ин хоинони миллати мо лаҳзае муввафақияти худро эҳсос кунанд. Истиқлол ва Ваҳдат дар кишвар ба мо осон ба даст наомада, балки ҷони ҳазорҳо ҷавонони бегуноҳ қурбони ин роҳ гардидааст.
Беҳтарин неъмате, ки имрӯз мо дорем бояд ба қадраш ҳар замон расида бошем. Ин неъмат ҳастии беҳтарин роҳбари ғамхору қаҳрамон, ки тавонист сулҳро барқарор намояд ва амнияту озодии мо ҷавононро таъмин созад. Танҳо додаи гуфтаҳои душманони миллат нашавем. Ватанамонро, меҳанамонро, миллатамонро аз шарри душманон ҳимоя созем. Мо ҷавонон метавонем ва ҳар лаҳза барои ҳимояи ватану миллатамон омодаем.
Абдусамиров Хайридин- Мудири шуъбаи оморӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ