МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  

Тибқи нақшаи тасдиқгардида оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи А.Ҷомӣ ҳамарӯза маҷлисҳои ҳисоботӣ доир гардида истодааст. Тибқи ҷадвали мазкур дар ташкилотҳои ибтидоии “Б.Ҳилолӣ” ва “Сурхоб”-и ҷамоати деҳоти Дустӣ дар якҷоягӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар рафти маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ Назокат Қосимӣ, раиси ташкилоти ибтидоии “Оила”, раиси ташкилоти ибтидоии “Дустӣ”, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуда, фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоии болоро зикр ва баррасӣ намуданд. Баъдан аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада, ҳамагонро барои пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолият, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азиз, пойдор нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат сидқан талош намоянд. Ҳамзамон ба сокинони маҳаллаи номбурда хотиррасон карда шуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода гирду атрофи хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода нигоҳ доранд.