Латифзода Хушрафтор – Раиси Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун

Соли 1984 дар мактаби миёнаи № 17-и Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун маълумоти миёнаи пурраро гирифтааст. Соли 1997 ба бахши ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе дохил мешавад,  донишгоҳро соли 2002 бо гирифтани диплом аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм менамояд.

         Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1987 оғоз гардида, дар фазифаҳои корманди духтурхонаи марказии рақамии №41-и ноҳияи Ҷайҳун, мурабии боғчаи бачагонаи №3-и ноҳияи Ҷайҳун, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи  назди   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасони дар хона кор карда омадааст.

 Аз августи соли 2022 ин ҷониб дар вазифаи раиси Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун кор карда истодааст.

14 январи соли 2020 Конференсияи 28-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон  дар ноҳияи Ҷайҳун номзадии Ӯро ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дар ҳавзаи интихоботии  № 29  пешбарӣ намудааст.