ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА"

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баҳри самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, огаҳӣ аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии атрофу маҳалли зист, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо намояндаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, ҳаррӯза миёни сокинон бо усули “Хона ба хона” мулоқоту вохуриҳо баргузор намуда истодаанд.

Ин навбат дирӯз бо иштироки гурӯҳи кории мазкур дар деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ корҳои фаҳмонидадиҳиро бо ҳар як узви оила вобаста ба масъалаҳои болозикр, хусусан вобаста ба тамоми дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум чун дастурамал мебошанд, бо сокинон суҳбату фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.