Бахтдавлатзода Гулбаҳор – Муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун

Соли 1996 дар мактаби миёнаи № 6-и Ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун маълумоти миёнаи пурраро гирифтааст. Соли 2001 ба бахши рӯзонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар дохил мешавад,  донишгоҳро соли 2006 бо гирифтани диплом аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм менамояд..

         Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 2005 оғоз гардида, дар фазифаҳои омузгори фани забон ва адабиёти тоҷик, мудири боғчаи бачагонаи № 2-и ноҳияи Ҷайҳун, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия, муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия, омӯзгори фани забон ва адабиёти тоҷик мактаби № 1, мушовири шуъбаи маориф, мудири бахши кор бо занон ва оилаи  назди   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун кор карда омадааст. Аз соли 2016 ин ҷониб дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и ноҳияи Ҷайҳун кор карда истодааст

14 январи соли 2020 Конференсияи 28-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон  дар ноҳияи Ҷайҳун номзадии Ӯро ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дар ҳавзаи интихоботии  № 3  пешбарӣ намудааст.